АНДЕША. Табиат барои инсон аҳамияти калон дошта, инсон ҳамеша ба табиат ва сарватҳои он ниёз дорад. Зеро ки он ҷисмҳо, аз ҷумлаи об, хок, бод, ҳаво, тамоми растаниҳо ва набототе, ки дар табиат мавҷуданд, ба инсон алоқамандии зич доранд. Ҳамаи мо медонем, ки об манбаи ҳаёт буда, бе истеъмоли об инсон зинда буда наметавонад. Ҳамаи мавҷудоти зиндаи олам – ҳайвонот ва растаниву наботот низ ба об вобастагӣ доранд.