БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН БА СУОЛУ ДАРХОСТҲОИ СОКИНОН ПОСУХҲОИ МУШАХХАС ДОДАНД

Н.ХУСРАВ. Вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъматулло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо  интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти  Наврӯз баргузор  гардид.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди интихобкунандагон оид ба фаъолияти худ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қонунҳо, тасдиқи созишномаҳо ва дастуру  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  вобаста  ба истифодаи самаранок ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи маблағи он, пешгирӣ  ва муқовимат  бо  пандемияи  коронавирус, истифодаи самараноки замин,  сазовор  пешвоз гирифтани  ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ ва  дар  ин росто вусъат  бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя  месозем!» ободонии деҳот, сангфарш  намудани  роҳҳо  ва  дар  сатҳи  баланд ташкилу  баргузор намудани  озмуни вилоятии «Беҳтарин сарфакори барқ» андешаронӣ карданд.

Сипас, вакилони мардумӣ ба суолу дархостҳои пешниҳоднамудаи интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg