БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД...

ЁВОН. Дар Ҷамоати деҳоти Чоргул бо иштироки фаъолон ва интихобкунандагон вохӯрии Азимзода Толибхон Ситамурод вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” баргузор гардид.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ вакили мардумӣ ба мардум муроҷиат намуда, таъкид сохт, ки обанбори неругоҳи “Норак” ҳанӯз 2 сентябри соли 2020 то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шуд, вале бо сабаби дар моҳҳои охир кам шудани оби дарёи Вахш ва нисбат ба солҳои гузашта беш аз ду метр кам гардидани захираи оби обанбори неругоҳ, инчунин аз рӯи пешгӯиҳои обу ҳавошиносон хунук омадани зимистони дарпешистода ҳар як сокини кишвар бояд ба масъалаи истифода бурдани неруи барқ боинсофона, сарфакорона ва бо масъулияти баланд муносибат намояд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳад.

Соли ҷорӣ яке аз солҳои гармтарин ва камоб дар миқёси минтақа ва махсусан, Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо 99 фоизи неруи барқ аз ҳисоби об истеҳсол карда мешавад, яъне бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бевосита ва танҳо аз захираҳои об вобаста мебошад.

Бори дигар хотиррасон месозем, ки тибқи таҳлилҳо зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд. Захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне барои ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ зарурат пеш наояд, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки неруи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg