БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ НИҚОБ НАБОШ!

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва саҳм гузоштан дар пешгирии бемориҳои сироятӣ дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бе ниқоб набош” гузаронида шуд.

Зиимни баргузории аксияи ҳизбӣ  масъулини ҳизбӣ ба сокинон роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирусро ёдовар шуда, даъват ба амал оварданд, ки пайваста аз ниқобҳои тиббӣ истифода намуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

Дар идомаи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Бе ниқоб набош” аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сокинон ниқобҳои тиббиро тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg