БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъат” маҷлиси ҷамъбастии ташкилот дар соли 2020 доир гардид.

Дар маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан ва Саидов Илҳом иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҳмонзода Фазлиддин ҳисобот дода, гуфт, ки соли 2020 барои ташкилоти мазкур соли дастовардҳои назаррас буда, аъзои ҲХДТ дар  баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, барои баланд бардоштани фарҳанги мардум саъю талош намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъат”  барномаҳои нави фарҳангиро таҳия намуда, барои муаррифӣ намудани фарҳанг ва санъати тоҷик талош варзиданд.

Сипас, Асадуллозода Ватан ба сухан баромада, иброз дошт, ки ҲХДТ, махсусан Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти фарҳанги миллӣ ва беҳтар намудани шароити кору фаъолият дар ин соҳа тадбирҳои заруриро андешида истодаанд. Метавон дар ин самт ифтитоҳ ёфтани Кохи фарҳанги шаҳри Бохтарро дар соли 2020 яке аз ин чоранандешиҳои давлату ҳукумат дар ин ҷода номид.

Дар интиҳои маҷлис, аз ҳозирин даъват карда шуд, ки дар самти сарфакорона истифода бурдани неруи барқ саҳмгузорӣ намуда, дар пешрафту инкишофи Тоҷикистони азиз бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg