БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОН ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ДАР СОЛИ 2020 ҶАМЪБАСТ НАМУД

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази фарҳангии ҷавонон” маҷлис ҷамъбастии ташкилотии мазкур доир гардид, ки дар он аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок доштанд. Маҷлисро Сафаров Давлатёр директори Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Бохтар  ҳусни оғоз бахшида, ҳайати корӣ ва рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Аз рӯи масъалаи ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2020 Сафаров Давлатёр андешаронӣ карда, иброз дошт, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Бохтар  дар давраи ҳисоботӣ  фаъолияти худро ҷоннок намуда, дар баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳ фаълона иштирок карданд. Аз ҷумла, дар баргузории чорабиниҳо дар самти муқовимат бо бемории коронавирус ва варақаҳои иттилоотиро миёни омма тақсим карданд.

Сипас, Толибзода Толиб намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар зимни баромади худ фаъолияти ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки дар оянда бояд фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти бурдани корҳои тарғиботӣ оид ба ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ боз ҳам  пурзӯр карда шуда,  дар амалигардии онҳо мусоидати фаъолона намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg