ВОСЕЪ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Сил”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ суханронӣ намуда, оид ба Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пешгирии хуруҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ибрози ақида намуд.
Ҳамзамон, иштирокдорони хониши сиёсӣ, ки аксарияти онҳо табибони ботаҷриба мебошанд, қайд карда шуд, ки барои пешгирии бемории сироятие, ки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, чораҳои заруриро истифода намуда, тавсия медиҳем, ки ҳамаи сокинон бояд бо ин беморӣ ҷиддӣ рафтор намоянд ва пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя кунанд ва бо ин васила метавонем хатари паҳншавии бемориро кам намоем.