БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ САРФАКОРӢ КАСЕ ЗИЁН НАДИДААСТ

ХОВАЛИНГ. Сарфаю сариштакорӣ дар ҳама ҳолат ба кас фоида меоварад. Одамро аз харҷи барзиёд нигоҳ медорад. Ин нуктаро нисбати истифодаи неруи барқ ҳам гуфтан мумкин аст.

Ҳастанд оилаҳое, ки ҳар моҳ барои хароҷоти барқ аз 20 то 40 сомонӣ маблағ месупоранд ва баръакс оилаҳое ҳам ҳастанд, ки маблағи барқи истифоданамудаашон аз 200 то 400 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин рақамҳо чунин бармеояд, ки яке дар истифодаи барқ сарфакор ва дигаре баръакс исрофкор аст.

Мақсади хона ба хона гаштани кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ба мардум  фаҳмонидани ҳамин ду амали ба ҳам муқобил -  аз сарфакорӣ чи фоида асту аз исрофкорӣ чи зарар мебошад. 

Кормандони Кумитаи иҷроия  корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати сарфакорона истифода намудани неруи барқ  дар маркази Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ба роҳ монданд.

Таблиғотчиён дар як вақт ба сокинон Муроҷиатномати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи тоҷик”- ро  дар бобати истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи неруи барқ дастрас намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg