БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРҚРО ОҚИЛОНА ИСТИФОДА НАМУДА, САРДИРО БЕ МУШКИЛӢ ПАСИ САР МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Дар Ҷамоати деҳоти Тугарак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва раиси Ҷамоати деҳоти мазкур Ҳалимов Амирхон мулоқоту вохӯрӣ бо сокинон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва муқовимат бо пандемияи коронавирус суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон Сафар Ҳафиза Раззоқ  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия иброз намуд, ки истифодаи оқилонаи неруи барқ вазифаи ҳар яки мо буда, сарфаи он зиндагии моро беҳтар менамояд ва метавонем зимистони имсоларо бе мамоният паси сар намоем.

Дар идома дар бораи эълони озмуни «Беҳтарин сарфакори барқ» бо расонидани шартҳои он ва пешбинӣ шудани туҳфаҳо гуфта шуд ва барои иштирок дар ин озмун аз ҳамаи иштирокдорони вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg