БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ НИҚОБ ГАШТАН ДАР ШАРОИТИ РӮЗ ЗАРАР БА САЛОМАТИСТ

ХОВАЛИНГ. Ҳамарӯза аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла  телевизиону радио ва гурӯҳҳои таблиғотӣ ба мардум дар бораи  мубориза ба пандемияи коронавирус,  дар бораи талаботҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла дар ҷойҳои серодам пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ корҳои таблиғотӣ бурда мешавад. Мутаассифона, мисли гуфтаи халқ “аз ин гӯшам ба он гӯшам” ҳамаи таъкидҳо дар бораи қатъӣ риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ   аз ин гӯш медарояду аз  гӯши дигар баромада меравад. Баъди ин қадар бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ боз мебинӣ, ки дар бозору мағоза, беморхона ва дигар ҷойҳои серодам аксар одамон бениқоб гашту гузор менамоянд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар якҷоягӣ бо волонтёрон дар асоси Аксияи ҳизбӣ “Бе ниқоб набош!” корҳои фаҳмондадиҳиро дар кӯчаву маҳаллаҳои Ҷамоати  шаҳраки Ховалинг ба роҳ монданд. Ба ҳозирин пеш аз ҳама оқибати напӯшидани ниқоби муҳофизатӣ  фаҳмонида дода шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg