БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ НЕРУИ БАРҚ РИСОЛАТИ МУҲИМИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар  Гимназияи давлатии №2-и  Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлоли  ноҳияи Қубодиён бо аҳолии Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлол бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъмат, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб, Сардори ШВКД-и ноҳия Сайфуллозода Зафар  ва муовини аввали раиси ноҳия Тоҷиев Алӣ мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир гардид.

Зимнан  муовини якуми раиси ноҳия Тоҷиев Алӣ шахсони расмиро ба сокинон муаррифӣ карда, моҳияти суҳбату вохӯриро  ба сокинон фаҳмонид. Баъдан вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъмат оид ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суҳбат карданд. Инчунин, вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури интихобкунандагон гардонида шуд. Вакилони мардумӣ зимни нишаст дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ, ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посухҳо гуфтанд.

Сипас, Сайфуллозода Зафар сардори ШВКД-и ноҳия оид ба муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Барқи Тоҷик», истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди неруи барқ, пардохти қарзи истифодаи он, тадбирҳо баҳри беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода, гузаштан ба дигар намуди алтернативаи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, ҳезум, брикет, гази моеъ ва кам кардани талафоти неруи барқ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро ба сарфакориву сариштакорӣ раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg