ВОСЕЪ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Сил”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва саҳм гузоштан дар пешгирии бемориҳои сироятӣ дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бе ниқоб набош” гузаронида шуд.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъат” маҷлиси ҷамъбастии ташкилот дар соли 2020 доир гардид.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази фарҳангии ҷавонон” маҷлис ҷамъбастии ташкилотии мазкур доир гардид, ки дар он аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок доштанд. Маҷлисро Сафаров Давлатёр директори Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Бохтар ҳусни оғоз бахшида, ҳайати корӣ ва рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Н.ХУСРАВ. Вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъматулло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Наврӯз баргузор гардид.
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар деҳаҳои Шехмизон ва Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ба тариқи “хона ба хона” суҳбат доир намуданд.
ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣӣ бо волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба пешгирии паҳншавии эпидемияи нави коронавируси (COVID – 19) ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат боигарии давлат” бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.
КӮШОНИЁН. Ба хотири бештар иттилоотонии мардум ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, муқовимат бо пандемияи коронавирус, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинону фаъолони Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён вохӯрии судманд анҷом дод.
ЁВОН. Тайи чанд рӯз аст, ки дар ноҳияи Ёвон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” Азимзода Толибхон Ситамурод бо интихобкунандагон баргузор гардида истодааст.
ВОСЕЪ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29-и деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов бо фаъолони деҳа омӯзгорон доир гардид.
МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2025
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12