БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

ДӮСТӢ. Дар доираи Аксияи ниҳолшинонии “Ватан ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардида, дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии ноҳия фаъолона ширкат варзиданд. Маъракаи ниҳолшинонӣ  дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл дар  шоҳроҳи  Дӯстӣ-Бохтар баргузор гардида, дар ин мавзеъ зиёда аз 300 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуд.

Ин иқдоми неку созанда бо истифода аз обу ҳавои мусоид бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир гардида, дар он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷалб карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg