БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАҲИМЗОДА РАМАЗОН ҲАМРО БО ИФТИХОРНОМАИ ҲИЗБӢ САРФАРОЗ ГАРДИД

ХОВАЛИНГ. 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихии кишварамон буда, барои сазовору арзанда пешвоз ва ҷашн гирифтани он соли сеюм аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаю канори мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд.

Аз ҷумла дар ноҳияи Ховалинг ҳам сохтмону ба истифода додани зиёда аз  330 номгӯи иншоотҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, корхонаҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва дигарҳо ба нақша гирифта шудааст.

Боиси зикр аст, ки барои роҳбарӣ ва тезонидани суръати корҳои созандагию бунёдкорӣ дар воҳидҳои ҷашнӣ бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Ховалинг яке аз шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ,  фарзанди ба дил наздики  мардуми диёр, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда шудааст.

Бо роҳбарии муҳтарам вазир дар давоми ду соли охир дар маҷмуъ Ховалинг симои худро ба куллӣ дигар намуда, маркази он ба як шаҳраки хурраму обод ва хеле зебою  диданӣ табдил ёфтааст. 

Мардуми диёр ва дигар меҳмононе,  ки ба  Ховалинг меоянд, аз корҳои созандагию бунёдкорӣ дар боғи фарҳангию фароғатӣ, майдони Парчаму Нишон, ободкориҳои таги Чилчанор, Дараи Мухтор, Мазори Султон, деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ, фарҳангӣ, биноҳои хуштарҳи меҳмонхона, марказҳои савдо, роҳу купрукҳо  ба ваҷд омада, пеш аз ҳама аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намоядаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ховалинг муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори миннатдорӣ менамоянд.

Маҳз фаъолияти пурсамари роҳбарии  Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ  Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва меҳнати пурмаҳсули сокинони ноҳия буд, ки дар як муддати кӯтоҳ маркази Ховалинг номи шаҳракро  гирифт.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кориашон ба ноҳия соли 2020 баъди шаҳрак эълон намудани маркази ноҳия изҳори боварӣ намуд, ки сокинони диёр таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази ноҳияро ба як шаҳри  хеле зебо ва дилкаш табдил медиҳанд.

Мо имрӯз ба  ҳама одамоне, ки ҳамсуҳбат мегардем,  нисбати роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар бобати  корҳои созандагию бунёдкорӣ, шинонидани ниҳолони сояафкану ороишӣ, обод намудани мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ чун Кӯлдара, Чилчанор, Сангтӯдаи Таги ҷар, Дараи Мухтор, Мазори Султон, Сурхсақова, сохтмону асфалтпӯш намудани роҳ то мавзеи Чилдухтарон, ҳамчунин фароҳам овардани шароит барои сайёҳон ва таъсиси  ҷойҳои нави корӣ барои  одамони бекор суханони миннатдорона мешунавем.

Дар ҳақиқат бо роҳбарии ин шахси ватандӯст ва  дар сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқу ҷонфидо дар давоми ду сол корҳои бузурге ба анҷом расонида шуд, ки мардуми Ховалинг чунин суръати иҷрои корҳои созандагию бунёдкориро дар ёд надоранд. Оё  дар  давоми 9 моҳ кӯчонидани бештар аз 30 оила ва ба хонаи истиқоматии замонавӣ таъмин намудани онҳо ва дар ҷойи хонаҳои кӯчонидашуда бунёд намудани боғи фарҳангӣ – фароғатӣ,  майдони Парчаму Нишон кори саҳлу осон  буд?  Душвор буд. Хушбахтона, таҳти роҳбарии вазири муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, новобаста ба он ки   масъулияти ҷиддиеро ба зимма дорад, он  муваффақона ба иҷро расонида шуд.

Имрӯз дар қатори иншоотҳои ҷашнӣ  бинои хуштарҳу зебои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг, ки  дар асоси дастуру супориши Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарӣ  ва  дастгирии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз тарафи соҳибкори муваффақ Абдулло Ҳасанов сохта  шуд ва бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа аз тарафи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   мавриди истифода қарор дода шуд,  ба ҳусни маркази ноҳия ҳусни тоза зам менамояд.

 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  фаъолияти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода  Рамазон Ҳамро, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалингро  ҷиҳати анҷоми корҳои созандагию бунёдкорӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовору арзанда пешвоз гирифтани саннаи басо фархунда  30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр намуда, ӯро бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қадршиносӣ намуд.

Ифтихорномаро дар вазъияти тантанавӣ  ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг  Халилзода Сафар Хоҷа ва раиси ноҳияи Ховалинг Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло супориданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg