БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЙ КИ ДАСТАТ МЕРАСАД, ДАСТЕ БИГИР...

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Аксияи ҳизбии “Ниёзмандон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!”  доир гардид.

Аксияи ҳизбиро фаъолони ҲХДТ, раиси ташкилоти ибтидоии “Камароб”,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Давлатов Абдувалӣ ва соҳибкори муваффақ Зиёев Фарҳод дастгирӣ карда, аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ ба 58 нафар наврасону ҷавонон аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа, ятимони кул ба маблағи 11600 сомонӣ кумаки яквақтаинаи молиявӣ  расониданд.

Ин иқдоми неку ватандӯстона  аз ҷониби оилаҳои эҳтиёҷманд бо хушнудӣ пазируфта шуда, онҳо миннадории хешро ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд баён доштанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg