НОРАК. Дар толори мақомоти иҷроияи шаҳри Норак Конференсияи XVII-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Конференсияи ҳизбӣ Асозода Дилшод Алимурод раиси шаҳри Норак, Гулмуродзода Қумриниссо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва 155 нафар вакилони Маҷлисҳои вакилони халқ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр иштирок доштанд.
Дар Конференсия масъалаҳои дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии №10» ва «Дар бораи пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.