ПАНҶ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ оид ба сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ мулоқоту вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг” гузаронида шуд.
НОРАК. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак маҷлиси Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ҷиҳати баррасии муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи тоҷик" миёни сокинон оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, роҳ надодан ба талафоти зиёди нерӯи барқ ва сари вақт пардохти маблағи истифодаи он доир гардид.
ЛЕВАКАНТ. Дар толори ташкилоти ибтидоии «ЛКСК шаҳри Левакант» мизи мудаввар таҳти унвони «Дастовардҳои замони истиқлолият» баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ибодуллоева Нуринисо ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Шаҳло Шомуддинова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ҷумъахон Одинаев
ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии “КАТС”-и ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолони соҳаи тандурустӣ вобаста ба дастовардҳои замони истиқлолият ва Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарфакорона истифода бурдани нерӯӣ барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ бо иштироки раиси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одиназода Ҳуснигул хониши сиёсӣ доир гардид.
ВОСЕЪ. Бо мақсади тоза намудани сафи аъзои ҳизбӣ ва тибқи нақшаи тақвимии чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дирӯз кормандон ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбии Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ муқоисакунии ҳаракати аъзои ҳизбӣ гузаронида шуд.
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомати болоии ҳизбӣ ва зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ муқоисакунии ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ гузаронида шуд.
ВОСЕЪ. Ҳамарӯза кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинон гузаронида истодаанд ва ин навбат дар деҳаи Файзоободи Ҷамоати деҳоти Гулистон бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб вохӯрӣ гузаронида шуд.
БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонки шаҳр” вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ҳакимова Волида, иштирок дошта, дар маҷлиси мазкур масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, шарҳу тавзеҳи муҳтавои муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуд.
БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии «Камоли Хуҷандӣ» маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 доир гардид.
БОХТАР. Дар муассисаи давлатии “Хатлонсинамо” маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ доир карда шуд. Дар маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб, аъзои ҳизб ва кормандони ин муассиса иштирок дошта, таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, номгузории ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раису котиби ташкилоти ибтидоӣ ва қабул ба сафи ҲХДТ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12