ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус, сафакорона истифодабарии қувваи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор гардиш доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва ҳамзамон ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд. Инчунин, масъулин иброз доштанд, ки бо истифода аз асбобҳои каммасрафи барқӣ ҳар як кадоми мо метавонем, ки дар пешрафти соҳаи энергетикаи кишвар саҳмгузор бошем. Бо истифода аз фурсат ба ҳамаи сардорони оилаҳо озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ”-ро эълон намуданд.