БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРҚЧИЁН СОЛИ 2020-РО НАТИҶАГИРӢ НАМУДАНД

ЁВОН. Бо мақсади боздид ва иштирок дар  маҷлисҳои ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти соли 2020 ва вазифаҳои навбатии ҳизбиён дар соли 2021 бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ташкилоти ибтидоии  “Маркази гармию барқидиҳии Ёвон” ҷамъомад баргузор гардид.

Дар рафти баргузории ҷамъомади ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ  масъалаҳои натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ  дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2021, қабул ё боздошт ва ё аз қайд баровардани  аъзои ташкилоти ибтидоӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Намояндаи Кумитаи иҷрои  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  зимни баромади хеш дар рафти баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоии мазкур дар самтҳои  баррасии Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфакорона истифода бурдани неруи барқ”, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқболи сазовор аз 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, роҳандозӣ намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, зиёд кардани сафи аъзои ҲХДТ аз ҳисоби кормандон, тоза намудани сафи ҳизб аз шахсони тасоддуфӣ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаи сиёсӣ яке аз қувваи асосии пешбарандаи  ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон аст ва татбиқи ҳадафҳои  Конститутсиониро вазифаҳои аввалиндараҷаи худ меҳисобад, зеро эъмори давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мақсади ниҳоии мо мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg