БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ҲИЗБИЁН СОЛИ 2020 СОЛИ ДАСТОВАРДҲО БУД

ХОВАЛИНГ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Байторӣ” ва “Фарҳанг” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 маҷлиси ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар маҷлис раисони ташкилотҳои ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии мазкур  дар соли 2020 суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки соли сипаришуда барои мо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷусла ҳизбиён соли дастовардҳову соли пирӯзиҳо буд, ки мо маъракаҳои муҳими сиёсӣғинтихоботҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқ ва  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бомуваффақият  гузаронидем. Сипас, дар навбати худ намояндагони Кумитаи иҷроия  дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ андешаронӣ карда, ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоии мазкурро қаноатбахш ҳисобиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg