ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “КАТС” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлиси умумии аъзои ташкилот баргузор гардид.
Зимни баргузории маҷлис муовини сартабиби Муассисаҳои КАТС Ҷураев Бегалӣ вобаста ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоӣ маълумот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки соли 2020 дар робита ба пайдоишу паҳншавии бемории ҳамагири короновирус барои мардуми тамоми сайёра ва махсусан барои кормандони соҳаи тиб соли ниҳоят душвору пуртаҳаввулот буд.
Вале фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа, ташкили дурусти кор ва муҳимтар аз ҳама ба роҳ мондани корҳои оммафаҳмонӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли бемории коронавирус имкон дод, ки мавҷи бошиддати паҳншавии беморӣ бо талафоти камтарин пешгирӣ гардад.
Ҳамчунин, бо розигии аъзои ташкилот сартабиби Муассисаҳои КАТС Гурезов Файзулло ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоии номбурда интихоб карда шуд.