БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРӢ МАДАНИЯТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДИСТ

ДӮСТӢ. Вохӯрии раиси ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Н. Ӯзбеков бо сокинони деҳаи Гулобод ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб доир гардид.

Дар суҳбат мавсуф дар назди сокинон оид ба  сарфаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, истифодаи сӯзишвории табиӣ, ангишту ҳезум, гази моеъ ва брикет бо мақсади бе мушкилот паси сар намудани фасли сармо, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон   ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятии зуком, коронавирус, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят кард.

Сипас, дар ин раванд озмуни ҳизбии «Беҳтарин сарфакорӣ  барқ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, шартҳои озмун ба сокинон фаҳмонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg