ПАНҶ. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ «Сомонӣ1-2» ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд.
Раисони ташкилотҳои ибтидоӣ доир ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии худ давоми соли 2020 дар назди ҳозирин ҳисобот доданд. Инчунин, масъулин оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарфакорона истифода намудани неруи барқ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз фикру андешаҳояшро баён дошта, аз ҳар аъзои ҲХДТ талаб намуданд, ки дар пешрафту ободии кишвар ва амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳмгузор бошанд. Инчунин, озмуни ҳизбии «Беҳтарин сарфакорӣ Барқ» аз тарафи масъулин ба иштирокдорон фаҳмонида шуд.