БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Паёми телевизионии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Дар остонаи бисту ҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи андешаи миллӣ

"Истиқлолият – ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост". Эмомалӣ РАҲМОН.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми рақами 80 дар ноҳияи Ёвон

Муҳтарам аҳли маорифи ноҳияи Ёвон!
Шогирдони азиз ва ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар ноҳияи Ёвон дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – истиқлолияти давлатӣ боз як муассисаи замонавии таълимӣ — мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 ифтитоҳ гардид.

Маориф сарчашмаи маърифат аст!

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Маорифчиён»  бо кормандони  ҷавонон ва фаъолони ҳизб хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир намуданд.

Ташкили чорабиниҳо дар сатҳи маҳал бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Лолазори xамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови  ноҳияи Шаҳритуз  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира вохӯрӣ бо сокинон оид ба  самтхои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ  ва чорабинии фаҳангӣ  б

Мо сокинон фазои поки Ватанро аз ғуборҳои душманон ҳифз мекунем

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Маданияти ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҳимов Ҳоким ва Қурбонов Абдурашид хониши сиёсӣ оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати мост!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Меҳнатобод» чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ дар мавзӯъи «Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати мост!» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидов Фарҳод баргузор карда шуд.

Иттиҳоду сарҷаъмӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати софдилонаи мо ба хотири ободӣ ва шукуфоии Ватан аст

Н.ХУСРАВ. Тибқи   ҷадвали  тасдиқгардида   дар  маҳаллаи Ҳайдарободи  ҷамоати  деҳоти  Наврӯзи ноҳияи  Носири  Хусрав бо иштироки  васеъи  аъзои  ҳизб  ва сокинони  маҳалла   бо  мақсади  сафарбар  намудани  аҳолӣ  ва  саҳмгузорӣ дар татбиқи интизориҳои Соли рушди  сайёҳӣ   ва  ҳунарҳои  мардумӣ, эҳё ва  тарғиби  урфу  одат ва  анъанаҳои  неки  мардумӣ мулоқот  баргузор  гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg