БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷалби ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ тавассути намоиши ҳуранҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар деҳаи Калоти ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки ҳунармандони деҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ин намоиш  ҳунармандону косибон ва устоҳои табақтарош ҳунари дастиашонро ба маърази тамошо гузошта, аз сиёсати ғамхоронаи давлату Ҳукумат, бахусус, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириашон ва аз андозҳо озод намудани ин қишри ҷомеа изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимнан, дар рафти ин чорабинӣ Файзуллоев Алишер қайд кард, ки барои аз байн нарафтани чунин ҳунарҳои мардумии қадима, бояд ҷавонони деҳаро ба ҳунаромӯзӣ ва аз худ намудани касбҳои бобоӣ ҷалб намуд. Ҳунарҳои аҷдодон ба мо мерос мондааст, дар ҳамин замина ҳунармандонро зарур аст, ки ҳунарҳои худро низ барои ояндагон ба мерос гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg