БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тоҷик дар рушду нумуи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда дорад

КӮЛОБ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории чорабиниву вохӯриҳо дар деҳаи Зарқалъаи ҷамоати деҳоти Зиракӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва корманди масъули ҷамоати деҳоти Зиракӣ Ситораи Маҳмадалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни андешаронӣ Фирӯзи Саидмӯъмин иброз дошт, ки бо шукургузорӣ аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ҳама ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ мунтаззам идома дошта, барои эҳёи  ҳунарҳои қадима мусоидат хоҳад кард. Агар ба таърихи гузаштаи хеш назар афканем, дар осори адибони мо ҳазорсолаҳо пеш аз ин дар бораи ҳунарҳои аҷдодонамон сухан гуфтаанд ва он ҳама то замони мо омада расидаанд.

Аз ин бармеояд, ки мардуми тоҷик тӯли асрҳои зиёд дар рушду нумуи илму фарҳанг ва ҳунари башарӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Дар охир таъкид гардид, ки дар байни мардуми маҳал суҳбат намудан ва ба дарки ҷомеа расонидини сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат, бедор сохтани завқи мардум нисбати ҳунарҳои мардумӣ баргузории чунин ҳамоишҳо аз манфиат холӣ нест.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg