ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Ситора” хониши сиёӣ дар мавзӯъҳои “Ҳизбиён муборизи ҳаракатҳои тундрав” баргузор карда шуд.
Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаит таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок дошта, доир ба истили “экстремизм” ва “терроризм” ва фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террориситӣ маълумот дод.
Мавсуф қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза хавфи экстремизму терроризм хусусияти ҷаҳонӣ касб намуда, беш аз 500 ташкилотҳои экстремистиву террористӣ арзӣ ҳастӣ доранд.
Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба воқеаву рӯйдодҳое, ки аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои ифротӣ дар давраҳои гуногуни замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ содир карда шуда буданд, ҳарф зада, зикр намуд, ки ҳамаи ин гурӯҳҳо фаъолияти худро танҳо дар асоси рукнҳои ислом асос мегузоранд. Аммо чуноне, ки Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд карданд “Мо бояд дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин мазҳаб ва миллат надорад.”
Бинобар ин, ба иштирокчиёни хониши сиёсӣ таъкид ба он карда шуд, ки насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, дар замири онҳо суннатҳои қадимаи ниёгонамонро, аз қабили эҳтироми калонсолон, расонидани кӯмак ба дармондагон, анҷом додани корҳои ободонӣ ба тариқи ҳашар ва бо ин усул пайдо намудани дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷо дода шавад.