БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалисозии ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ дар ташкилоту муассисаҳо идома доранд

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Утақара Назаров”  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он ҳарф зада, афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти Раиси муаззами он, барои дар ҳаёт татбтиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзида, бо қабули санадҳои гуногуни муҳими иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро саривақту босифат ҳал намуда, эътиқоду эътимоди мардумро нисбат ба фаъолияти ҲХДТ бештар мегардонанд.                  

Инчунин мавсуф оид ба ҳодисаи нангине , ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъ пайваст, яъне  ҷавононе, ки ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳамла намуда, боиси марги 4 нафари онҳо гардиданд сухан намуда, ба иштирокчиён фаҳмонид, ки амали гурӯҳи террористоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида, ҳоло ҳам мехоҳанд, ки Тоҷикистони ободу зеборо ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg