БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат, пояндагии давлат аст!

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КАТС» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷаъфар, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КАТС»  Ғафуров Дилшод, муовини Кумитаи иҷроия Назарова Фароғат ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб иштирок  ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Ғафуров Дилшод ба сухан баромада, мақсади ҷамъомадро ба иштирокдорон фаҳмонида сухани навбатиро ба Ватанзода Сайҷаъфар дод.

Дар идома Ватанзода Сайҷаъфар  афзуд, ки чуноне Сарвари давлат дар як  мулоқоти худ иброз доштанд, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо мизоҷон оид ба паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМА/АНМО, ки бисёр ташвишоваранд корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монед. Донистани  бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирӣ ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурӣ аст ва онро ба сокинон фаҳмонидан зарур аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg