БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯриҳои судманди вакил бо интихобкунандагон

ЁВОН. Вохӯрии навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон Ситамурод дар рӯзҳое баргузор гардид, ки мардуми тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик ҷашни 27 солагии Истиқлолияти давлатии хешро дар як фазои сулҳу ваҳдат ҷашн гирифта истодаанд.

Аз санаи 10 то 18 сентябри соли равон дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 сентябри соли 2018, таҳти № 1886 ва мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 03 сентябри соли 2018, № 1404 вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯриҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон Ситамурод зимни баромадҳои хеш  дар партави фаъолияти имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар шашмоҳаи соли 2018, дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”,  тақвияти робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва терроризму экстремизм ва қабулу дархостҳои интихобкунандагон суханронӣ намуд.

Ҳамзамон ҳамарӯза аз соати 13 то 17 дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қабули шаҳрвандон аз ҷониби вакили мардумӣ  сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg