БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободиву пешрафти Тоҷикистон ба чашми душманонаш ҳамчун хор мехалад

Ш.ШОҲИН. Бо мақсади сазовор ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар ташкилоти ибтидоӣ “Суғурта”  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   хониши сиёсӣ доир  намуданд.

Сараввал  хониши сиёсиро мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳошимов Абдураҳим кушода, дар назди ҷамъомадагон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди  касбу ҳунарҳои мардумӣ,  мубориза бар зидди амалҳои коррусионӣ, ташкилотҳои террористиву  экстремистии мамнуъ, ҳодисани нангину даҳшатбори  куштори сайёҳони  хориҷӣ  андешаронӣ кард.

  Ҳамчунин таъкид намуд, ки ҳар як фарди бедордилу  ватандӯстро мебояд   ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода  дар ҳифзи марзу буми Ватан зери  сиёсати  оқилонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, Ватани  маҳбубамон-Тоҷикистони азизамонро аз ин ҳам дида ободтару пешрафтатар  гардонем.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg