БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунармандон аз иқдому ташаббусҳои неки Пешвои миллат сарфарозанд

Ҷайҳун.  Дар асоси нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияи ҲХДТ дар ростои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ализода Фарзона ва сокинон доир гардид.

Зимни баргузории чорабинии мазкур кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидзода Фарҳод ва Ализода Фарзона қайд намуданд, ки ҷиҳати сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунармандони маҳалларо зарур аст, ки истеҳсоли либосҳои миллии мардуми тоҷикро дар хона бо сифати аъло тарҳрезӣ ва омода намуда, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ нақши созгор гузоранд. Чунки мавҷудият ва эҳёи дубораи ҳунарҳои мардумӣ, худ василаи таррануми таъриху фарҳанг ва анъанаҳои неки мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва эҳёву рушди ҳунарҳои милии мардумӣ, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд, аз 1 январи соли 2018 дастур доданд, ки аз фурӯши чунин молу мавод андоз ситонида нашавад. Ҳунармандон аз ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфарозанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg