БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалигардонии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» мушкилоти сокинонро дар фасли сармо осон мекунад!

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба  30- солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ гардонидани   Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо  иштироки   фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар  маҳаллаи  Арабхона  корҳои ободониву созандагӣ доир карда шуд.  

Ташкилоти   ибтидоии  ҳизбии   «Арабхона»  бо  мақсади ба роҳ  мондани  корҳои  ободонӣ, беҳтар  намудани  шароити  зиндагии  сокинони  маҳалла,  сазовор  истиқбол  намудани  ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  Аксияи  ҳизбиро  баргузор  намуда,   кӯчаҳои  маҳалла, ки  дар  фасли  зимистон барои  рафтуомади сокинон  мушкилӣ   меовард,  бо ҳашари дастаҷамъона сангфарш  карда шуданд.

Сокинон аз иқдоми неки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  миннатдор буда,  иброз доштанд, ки  минбаъд низ  кӯшиш мекунанд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, хуррамгардониву ободонӣ   саҳми арзандаи худро гузоранд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg