БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Гулҳои Ватан дар нақши чакан

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайдалиев ва Фирўз Пиров бо аҳолии деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул  Турдиев вохӯрӣ гузарониданд.

Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон мебошад!

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии «Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемеологӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вохӯрӣ баргузор гардид.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ бозгӯи тақвияти робита бо маҳал аст

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Темурмалик ва ҷиҳати ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал дар деҳаи Савдаи  ҷамоати деҳоти Кангурт вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид. Ин мулоқот ҳамзамон ба давраи омодагиҳои ҳамаҷиҳата ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.

Вохӯрии вакилони мардумӣ бо сокинон

ЛЕВАКАНТ. Ҷиҳати ташкил намудани вохӯрии машваратию дастурдиҳии вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори қасри фарҳанги шаҳри Левакант бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш ва директорони муассисаҳои таълими ва касбии шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид.

Таъмини амнияти озуқаворӣ ин фаровонии бозору баракати дастархон аст!

ПАНҶ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони  «Таъмини амнияти озуқавории кишвар- вазифаи муқаддаси кишоварзон», ки аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Кишоварзӣ» хониши сиёсӣ доир намуданд.

Таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии ҲХДТ мебошад

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Идораи бойтории ноҳияи  Мӯъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.

Миллати тоҷик соҳибфарҳаг ва тамаддунофар аст

ЛЕВАКАНТ. Дар асоси накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Наврӯз» чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ вобаста ба Соли тақвияти робита бо маҳал бо як ҳисси баланди миллӣ баргузор гардид.

Хонишҳои сиёсӣ ҷиҳати ташаккули фарҳангии сиёсии ҷомеа

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нақлиёти минтақа» бо аъзо ва чонибдорони ҲХДТ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Амалисозии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Утақара Назаров”-и ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Истиқболи сазовор аз тантанаҳои соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

ВОСЕЪ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат намудан дар рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои халқӣ ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон дар деҳаи Ҳамидободи ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов  чорабинии фарҳангию сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg