БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон хонаи фарҳангӣ ва умеди мо!

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Оҳангарон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир  гардид.

Зимнан раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди  сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ,  сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон андешаронӣ карда, афзуд, ки  вақтҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳури Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибат ва равобити ду ҷумҳурӣ, миллатҳои дӯсту бародар бештар таҳким ёфта, мушкилоти мавҷуда зина ба зина ҳалли худро пайдо карданд.

Баъдан Одинаев Муродалӣ вакили маҳаллӣ ба сухан баромада, дар партави  масъалаҳои номбурда андешаҳои хешро баён дошта, иброз кард, ки  мо мардуми шарафманди тоҷикро зарур аст зери сиёсти хирадмандонаи Пешвои миллат  муттаҳид шуда, фарзандони худро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, риояи талаботи қонунҳои  миллӣ кору амал намоем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg