БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташаббусҳои неку созандаи Пешвои миллат дар маҳал тарғиб мегарданд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизи Сабоҳат Тағойалӣ ва раиси деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи мазкур Хидиров Бобошер бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Азизи Сабоҳат Тағойалӣ дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин оид ба дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ,  иқдому ташаббусҳои  неку созандаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg