БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори бузург аст

Н. ХУСРАВ. Тибқи  ҷадвали   тасдиқшудаи  баргузори  вохӯриву  суҳбатҳо  дар  корхона,   муассиса, ташкилот   ва  деҳаю  маҳаллаҳо дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   оид ба самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти    ҲХДТ  дар  ташкилоти  ибтидои  ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯъи

“Хизмат  дар  сафи Артиши  миллӣ ҳамчун мактаби  ҷасорату   мардонагӣ  ва  омилӣ  асосии  нигоҳ  доштани  сулҳу  суботу  амнияти  кишвар”  баргузор  гардид.

Хониши  сиёсиро  раиси    Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носиров  Хусрав  Алиева  Сураё ифтитоҳ  намуда,  қайд  кард, ки ҳар  як  иқдому ташаббусҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳадаф, маром, маънӣ  ва моҳиятӣ  ватандӯстона дошта,  ба  амалҳои  созанда ва  ободкорӣ  ба  наъфъи  шукуфоии   Ватан  нигаронида  шудаанд.

Махсусан  тарбияи  ҷавонон дар  руҳияи  ватандӯстӣ яке  аз  ҳадафҳои  олии Ҳукумат ва  Ҳизби  Ҳалқии  Демократии  Тоҷикистон мебошад. Дар  сафарбар  намудани  ҷавонони  синни  даъватӣ  ба  сафи  Артиши  миллӣ  дастаҷаъмона  фаъолият  карда,  дар  иҷрои  нақшаи  даъват саҳми  худро  гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg