БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Ҳимояи манфиатҳои давлату миллат вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад!

ВОКУНИШ. Имрӯз тамоми дарвозаҳои кишварҳои олам ва ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои экстримистиву терористӣ бо таҳдид мекубад.

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳизби «Озарбойҷони нав» ҳайати намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Форуми байналмилалии ҷавонон «Бунёди пул миёни Осиё ва Аврупо», ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рамзи саодат, асолати миллат, ва бақои давлат аст

А.ҶОМӢ.Тибқи ҷадвали гузаронидани вохӯриҳои вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Сафаралӣ бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи интихоботии «Ҷомӣ-28» дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби вакилон, роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва фаъолони ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардид.

Чорабинҳо дар доираи соли робитаи ҳизбиён бо маҳал

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Нишораки ҷамоати деҳоти Лангардара  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ , Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ татҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гардид.

Ҳадафи асосии ҲХДТ-ҷалби сокинони кишвар ба корҳои ободониву созандагӣ мебошад

А.ҶОМӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашуров Сунатулло, Ҷамолиддини Маҳмадшариф ва Қурбонов Абдурашид дар ташкилоти ибтидоии «Ганҷина»-и деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ гузарониданд.

Тарбияи дурусти фарзандон вазифаи мо волидайн аст

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи  №1» ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар мавзӯъи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии воридшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои  экстремистию террористӣ   бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

Паём нишона аз таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ аст

А.ҶОМӢ. Мутобиқи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ва ҷадвали тасдиқгардида оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Бонкчиён»-и назди Амонатбонки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб гузаронида шуд.

Хониши сиёсӣ дар мавзӯъи интизоми ҳизбӣ

Н.ХУСРАВ. Тибқи  ҷадвали тасдиқгардида  дар   ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Дурахшон”    хониши  сиёсӣ  дар  мавзӯъи  интизоми  ҳизбӣ,   бо  мақсади   тақвият  бахшидан ва  риояи  муқаррароти   қонунҳо,  оқибатҳои  ногувори  қонуншиканӣ  ҷиҳати  дар  амал  татбиқ  намудани   дастуру  супоришҳо ва  ҳидоятҳои  Асосгузори   сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон баргузор  гардид.

Пешниҳоди ҳизбиён аз ҷониби сокинон дастгирӣ ёфт

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидзода Раҳмон дар деҳаи ба номи Ф. Ғаниев бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрии судманд баргузор гардид.

Сулҳи тоҷикон таҷрибаи нодир аст барои ҷаҳон!

ХОВАЛИНГ. Дар суҳбате, ки атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Сафедшаҳраки ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гузаронида шуд, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия Ҷамолиддин Қаюмов  ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Хушбахт Яъқубов дар мавзӯъи “Сулҳи тоҷикон бебозгашт аст” баромад карданд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg