БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ роҳбару раҳнамои мардум дар самти идеология мебошад

А.ҶОМӢ. Тибқи ҷадвали тасдикгардида  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов ва бо  ҷалби вакилони Маҷлиси вакилони маҳаллӣ  дар  муссисаи таълимии №62-и  ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ  бо  коллективи  омӯзгорон,  аъзои кумитаи падару модарон, алалхусус  ҷавонони маҳал  вохӯрии  судманд  гузаронида  шуд.

Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистию террористӣ, тақвият бахшидани дӯстӣ байни миллатхо, алалхусус тоҷику ӯзбек дар доираи сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва ҳамчунон  дар асоси ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон,  пардохти намудҳои гуногуни андозҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ҷалби ҷавонони синну соли даъватӣ ба сафи хизмати Ватан-Модар, муқовимат бо коррупсия, дар бораи фаъолгардонии шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, моҳияти қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодию  иҷтимоӣ ва маънавию  фарҳангии  ҷомеа, бо дастовардҳои  арзандаи  меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   суханронӣ   намуд.

Дар охир аз ҷониби намояндагии ТҶҶ  «Созандагони Ватан»  ба ҳозирин  шеърҳои ватандӯстона  қироат гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg