БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таблиғоту ташфиқот дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади роҳандозии корҳои ободонӣ

ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса ва ташкилотҳои шаҳри Левакант  бо масъулини ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Сафарӣ»  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохўрӣ мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шомудинова Шаҳло  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад карда, бештар ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сарфаву сариштакорӣ, воқифгардонии ҷомеа ва пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсионӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ  суханронӣ намуд.

Сипас,  мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Валиев Суҳроб  иброз намуд, ки  ҳар яки моро лозим аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар кору фаъолият намуда, дар шукуфоии Тоҷикистони азизамон ва зиндагии боз ҳам шоистаи хеш бо роҳи иштирок дар корҳои ободониву созандагӣ якҷоя саҳмгузор бошем.

Дар охир кормандони корхонаи мазкур барои баргузории чунин як вохӯрии судманд изҳорӣ қаноатмандӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg