БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳал роҳандозӣ гашта истодаанд

ЁВОН. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки  аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди фарҳанги миллӣ нигаронида шудааст, дар деҳаи Қашқараҳаи ҷамоати деҳоти Обшорон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат ва  раиси ҷамоати деҳоти Обшорон А.Нуриддинов роҷеъ ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, иштироки фаъолона дар баргузории Аксияҳои тарғиботӣ-амалии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, саҳм доштан дар корҳои ободонию созандагии маҳал, риояи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон, эҳтироми шавҳар ва калонсолон, даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сухан ронданд.

Занону бонувони ҳунарманду чирадасти деҳаи мазкур аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият медоданд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg