БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободиву шукуфоии Ватан қарзи шаҳрвандии мост

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Шулулуи ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо сокинони деҳаи мазкур тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Рамазон Ҳайдаров ва раиси ҷамоати деҳоти Балхобӣ Л.Холова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Рамазон Ҳайдаров дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, Соли тақвияти робита бо маҳал, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва сафарбар кардани ҷавонони синни давъати ба хизмати Ватан-Модар, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин, дигар баромадкунандагон низ роҷеъ ба масъалаҳои болозикр андешаҳои хешро баён дошта, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки дастаҷамъона саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ қарзи фарзандии ҳар яки мо мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg