БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардуми деҳот дар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъол гаштаанд

ТЕМУРМАЛИК. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусу озмунҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва соли тақвият робита бо маҳал кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии нақшавии худро бо сокинон баргузор намуданд.

Дар рафти мулоқот нахуст  оид ба самтҳои  афзалиятноки ҲХДТ, вобаста ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, натиҷаҳои нахустин сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштирок ва  ҳамкории бевоситаи вакилони ҷамоати номбурда  ва фаъолони деҳа гузаронида шуд.

Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 50 нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ташкил  карда  шуд, ки  Зимни  намоиш   аҳли    сокинони деҳаи Ваҳдат, дастовардҳои ҳунарии худ ва маҳсулотҳои кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд. Ин мулоқот ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бори дигар бартарияти робитаи ҳизбро бо маҳал ва фаъолнокии мардуми деҳотро дар баргузории чорабиниҳо собит сохт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg