
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби тоза” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор шуд.
Хониши сиёсӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби тоза” Раҳимов Суҳроб оғоз гардид.
Зимни суханронии худ Валиева Саъбагул иброз дошт, ки яке аз вазифҳои асосии ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба дарки мардум расонидани идеология миллӣ, тарғиби ҳадафу мақсадҳои ҲХДТ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа мебошад. Дар ин росто огоҳонидани мардум аз хатарҳои муосири геополитикӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва бо ақлу заковати солим, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри пешравии Ватани азизамон вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст. Дар баробари ин ҷавонони мо бояд бо дарки баланди масъулият ва пайравӣ аз Пешвои миллат дошта бошанд, зеро дастгириву ғамхорӣ аз ҷониби Роҳбари давлат нисбати ин табақаи созандаву ояндаи миллат хеле зиёд ба назар мерасад.
Дар охир роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оби тоза” Раҳимов Суҳроб қайд кард, ки рафти ин чорабинии сиёсӣ нишон дод, ки имрӯз кормандони касбу кори гуногун аз сиёсати дохиливу хориҷии кишвар бохабар буда, аз фазои орому Истиқлолияти комили кишвар шукргузоранд.