БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

2018 – соли тарғиби анъанаҳои неки ниёгон

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Мавҷи дарё»-и деҳаи 25-солагии Тоҷикистони ҷамоати деҳоти Ғайрат чорабинии фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  Раҳмонов Далер оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ кард.

Ҳамчунин дар чорабинӣ намунаи гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки аз ин намоишгоҳ иштирокдорон дидан карда, ба ҳунару маҳорати ҳунармандони чирадаст баҳои хуб доданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ дар ҳудуди ноҳияи Фархор бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо маром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg