ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон мулоқот доир намуданд.
ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал бобати баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинон баргузор гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молия” (шаҳрӣ ва минтақавӣ) бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир гардид.
ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рӯдакӣ” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши аҳолии деҳаи Рудақули ҷамоати деҳоти Заркамар гардид.
ЁВОН. Чанде қабл дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи дурдасттарини ноҳия, ки дар сарҳади ноҳияи А.Ҷомӣ қарор дорад, деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Норин бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Баҳор» дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Аксияҳои таблиғотӣ- амалӣ чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.
ВОСЕЪ. Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ ин навбат дар деҳаи дурдасти Осмонбика ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳноза Раҷабова ва Гулрухсор Мирзоева бо занони ҳунарманди деҳаи мазкур вохӯрӣ доир гардид.
Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии кооперативи Файзулло»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ доир гардид.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зисти вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохури баргузор гардида, дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан иштирок намуданд.
БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо сокинони деҳа вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, баргузории чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тадбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, дар сатҳи баланд п
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12