
КУШОНИЁН. Дар деҳаи 20- солагии Истиқлолият ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.
Мунаввара Сатторова зимни андешаронӣ қайд кард, ки дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкорӣ, намоиши таомҳои миллӣ, созандагиву ободонӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад.
Дар баробари андешаронӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара атрофи ҳодисаи фоҷиабору нангини гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки бо фармоиши ТЭТ ҲНИ дар куштори 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара даст заданд, ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.
Инчунин, иброз карда шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷуда сафарбар гардида, сокинон ҳиссаи арзандаи худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ бо ҳамдилӣ ҳиссагузорӣ намоянд.