БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маҷлиси ҳизбӣ бо натиҷаҳои дилхоҳ ҷамъбаст гардид

ҚУБОДИЁН. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъабастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар нуҳмоҳаи соли 2018 доир гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок доштанд.

Зимнан маҷлисро бо сухани муқадимавӣ  раиси  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Шарифзода Маҳмадаюб  ҳусни оғоз  бахшида,  бо рӯзномаи маҷлис ҳамагонро шинос намуд.

Инчунин Маҳмадаюб Шарифзода дар назди ҷамъомадагон оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия дар тӯли нуҳ моҳи сипаришуда андешаронӣ карда, зикр намуд, ки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён чун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия фидокорона меҳнат намуда, нуҳмоҳаи соли 2018-ро  бо дастовезҳои хуби меҳнатӣ ҷамъбаст карданд.

Инчунин, дар маҷлиси номбурда оид ба  рафти иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пас аз шунидани ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  раиси ноҳияи  Қубодиён  Файзуллозода Зафар оид ба иҷроиши пурраи нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва  бартараф намудани  камбудиҳои ҷойдошта ба сохторҳои ҳизбӣ супориши қатъӣ дода, иброз дошт, ки масъулони соҳа барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхинопазир андешанд.

Дар охир ҳисоботи нуҳмоҳаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён қаноатбахш ҳисобида шуда, ба кори  он  анҷом бахшида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg