БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги миллии хешро бо шаклҳои гуногун эҳё мекунем

ЁВОН. Бо мақсади тақвияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал ва роҳандозӣ намудани Аксияҳои ҳизбӣ миёни занону бонувони ноҳия  дар деҳаи Санҷитаки ҷамоати деҳоти Обшорон чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Абдуллоева Саёҳат,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Солиҳов Маҳмадрасул, намояндаи бахши амнияти ноҳия Ашӯров Аъзам ва намояндаи шуъбаи ВКД дар ноҳия Зиёзода Саидхон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,  аз даст надодани зиракиву сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан-Модар сафарбар намудани фарзандон, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда шуд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ва ҳунармандони деҳаи Санҷитак ҳунарҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg