БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ – посдори асолати миллӣ мебошад

ПАНҶ. Бо  мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, тарғибу  ташвиқи фарҳанги миилӣ, инъикоси санъату анъанаҳои халқӣ ҷиҳати  зинда намудани суннатҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки ҳунармандон ва сокинони маҳаллаи Ҳамдилони ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов чорабинии фарҳангӣ дар ростои «Соли тақвияти робита бо маҳал» баргузор гардид.

Сараввал ҳайати меҳмонон аз маҳсули меҳнати онҳо аз зумраи чубтарошӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдузӣ, намудҳои нону хурокҳои миллӣ бофандагӣ, зардӯзӣ, ёдгориҳои таърихии маҳал аз асрҳои 18 - 19 ва дигар  анвои ҳунарҳои  мардумӣ дидан карда,  ба кори онҳо баҳои баланд доданд.

Сипас раиси Куммитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия Файзиев Каримҷон  доир ба моҳияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баромад намуда,  аз ҷумла қайд кард, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба раванди батадриҷ беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан сатҳи зиндагии ҳунармандони мардумӣ, таъсири бузург расонида дар ин замина ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандории сокинон баланд мегардад.

Дар идомаи суханронӣ вакили ҳизбӣ Наботов Анвар оиди самтҳои афзалиятноки фаъолият ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда, иброз дошт, ки вазъи чаҳони муосир ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, чунки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин замон хеле душвору пуртаззод гардидааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg